Суғд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва чанд тавсия дар ин самт

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар якҷояги бо Маркази Ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят як қатор чорабиниҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни аҳолӣ роҳандозӣ намуданд. Ин иқдом бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва таъмини зиндагии солими шаҳрвандон роҳандозӣ шуда, бомаром идома дорад.

Бо дарназардошти афзоиши мавридҳои бемориҳои мавсимӣ, таҳдидҳои воқеӣ ба саломатии ҷомеа ва зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди риояи меъёрҳои беҳдоштӣ тадбири мазкур роҳандозӣ мешавад.

Мавзӯъҳои асосии корҳои фаҳмондадиҳӣ:

1. Пешгирии бемориҳои шадиди рӯдаю меъда:

Ин навъи бемориҳо, аз ҷумла дизентерия, сальмонеллёз, вабо ва дигар иллатҳои сироятии рӯда, асосан бо истеъмоли ғизои ифлос, оби безарарнагардида ва риоя накардани гигиенаи шахсӣ ба амал меоянд. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дастони худро пеш аз истеъмоли хӯрок бо собун ва оби гарм бишӯянд, танҳо оби ҷӯшонида ё безараршударо нӯшанд ва ғизои кӯчагӣ (аз ҷойҳои шубҳаовар) камтар истифода баранд.

2. Пешгирии бемориҳои роҳҳои нафас:

Бемориҳои вирусии роҳҳои нафас, аз ҷумла грипп, коронавирус, бронхит ва пневмония, тавассути қатрачаҳои нафас ҳангоми сулфа, атса ё нафаскашӣ паҳн мешаванд. Барои пешгирии онҳо бояд ниқоб пӯшид, дастонро зуд-зуд шуста, аз ҷамъомадҳои серодам парҳез кард ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳо-ба духтур муроҷиат намуд. Худтабобаткунӣ тавсия дода намешавад.

3. Огоҳӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ:

Ғайр аз бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили диабети қанд, фишорбаландӣ, бемориҳои дилу раг ва саратони узвҳо низ сол аз сол домани бештари аҳолиро фаро мегиранд. Омилҳои асосии ин бемориҳо -ғизои носолим, камҳаракатӣ, стресс, сигоркашӣ ва машрубот мебошанд. Пешгирии онҳо танҳо тавассути интихоби тарзи ҳаёти солим ва назорати саривақтии вазъи тиббӣ имконпазир аст.

4.Пешгирии заҳролудшавӣ аз ғизо ва ангишт:

Бо гарм шудани ҳаво ва афзоиши истеъмоли маҳсулоти фурӯшӣ, хатари заҳролудшавии аҳолӣ низ меафзояд. Махсусан нӯшокиҳои газдор ва ғизоҳои дар шароити номусоид нигоҳдошташуда сабаби зиёди заҳролудшавӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар мавсими сармо истифодаи нодурусти ангишт ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ метавонад боиси заҳролудшавии хонаводагӣ гардад. Ҳушёрӣ ва риояи қоидаҳои одии истифодаи ғизо ва сӯзишворӣ метавонад ҳаёти инсонро наҷот диҳад.

5. Ташаккули тарзи ҳаёти солим -зарурати рӯз:

Дар замони муосир, зиндагии солим — беҳтарин дору ва сипари табиӣ бар зидди ҳама гуна бемориҳост. Варзиш, истеъмоли ғизои солим, парҳези дуруст, хоб ва истироҳати кофӣ, парҳез аз сигор ва нӯшокиҳои спиртӣ, инчунин риояи қоидаҳои гигиенӣ, инсонро солим нигоҳ медоранд. Чунон ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: “Саломатӣ- сарвати бебаҳои инсон аст!”

Мавриди зикр аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла боғҳо ва ҷойҳои сайругашт, бозору марказҳои савдо, дӯконҳои фурӯши ғизо, муассисаҳои таълимӣ ва боғчаҳо, марказҳои саломатӣ ва ҷамоатҳо бо иштироки кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, волонтёрон ва фаъолони маҳаллӣ баргузор мегарданд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

ДАСТОВАРДИ ТАБИБОНИ ТОҶИК. Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Тоҷикистон

Рақамикунонии соҳа-талаби замон. Дар кишвар системаи иттилоотии бақайдгирии натиҷаҳои скрининги гарданаки бачадон ҷорӣ мешавад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино боздид намуда, бо унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳи мазкур сарфароз гардиданд

Назорати раванди фаъолияти касбии кормандони миёнаи тиббӣ ва тақвиятбахшии масъалаҳои этика ва деонтолгияи тиббӣ

Search