Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 22-юми ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, кормандони дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Сипас, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони мамлакатро ба муносибати фарорасии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин санаи таърихӣ баён доштаанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатдории мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад.

Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Бинобар ин, ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳануз 3 ноябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардида, ба тасвиб расид ва мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд, ки ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи ид бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.  Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст;

-Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст;

-Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият;

-Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар;

-Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънӣ мешавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлол дар Ватани азизамон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Дар воқеъ, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъи муҳимро иҷро менамояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки ин омил боиси боз ҳам баланд гардидани обру ва нуфузи Ватани азизамон дар арсаи олам ба шумор меравад..

Дар ҳамин замина, таъкид гардид, ки мо-мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатии худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обруи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ анҷомбахши чорабинии идона буд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Аслидин Раҷабов: тамоми таҷҳизотҳои муосире, ки дар соҳаи силшиносии кишварҳои пешрафтаи олам мавҷуд ҳастанд, дар кишвари мо низ дастрас мебошанд

Брифинг оид ба муаррифии технологияҳои рақамӣ барои назорати бемории сил

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Берлин: Ҳамкории Тоҷикистон ва ТУТ баррасӣ гашт

Суғд: семинари омӯзишӣ оид ба пешгирии бемории обилаи маймун

Search