15-уми феврал-Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон

15-уми феврал-Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон
Феврал 15
13:04 2024

Шурӯъ аз соли 2002 15-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон муайян гардида, он айни замон дар бештар аз 90 мамлакати дунё  қайд карда мешавад.

Бахшида ба ин сана имрӯз бо дастгирии Фонди хайриявии «Лона» дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода, директори Фонди хайриявии “Лона” Ҷурахон Бобохонов, корманди Фонди хайриявии “Лона” Дилором Ҳакимова, табибони марказ, кӯдакони аз бемории саратон шифоёфта бо волидонашон иштирок карданд.

Гуфта шуд, ки кӯдакони гирифтори бемории саратон таҳти ғамхории доимии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, баҳри ташхису табобати онҳо дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз дар шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи маркази мазкур тамоми шароити тасхису табобат фароҳам оварда шуда, инчунин  утоқи махсус барои бозии кӯдакон омода гардидааст. Ҳамчунин ин  кӯдакон аз табобати пурра мегузаранд, яъне онҳо тариқи ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ ё нурӣ табобат мешаванд.

Шурӯъ аз соли 2009  Ташкилоти хайриявии «Лона» шуъбаи номбурдаро парасторӣ намуда, маводҳои дорувориро ба таври ройгон  дастрас менамояд.

Дар  идома аз ҷониби Фонди хайриявии «Лона» ба кӯдакони аз бемории саратон шифоёфта туҳфаҳои хотиравӣ  супорида шуд.

Дар охир баҳри дастгириҳои доимӣ аз  номи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва волидони  кӯдакони аз бемории саратон шифоёфта ба роҳбарияти Фонди хайриявии “Лона”  Сипоснома  тақдим  гардид.

Бояд гуфт, ки сабабҳои асосии гирифторшавии кӯдакон ба бемории саратонро мутахассисон  гуногун арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи онҳо, беморӣ метавонад аз насл ба насл гузарад, дар  натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд.

Нишонаҳои асосии саратон  пайдошавии омосҳо, беҳолӣ, надоштани иштиҳо, баландшавии  ҳарорати бадан то 37,6 дараҷа  ва аз ин зиёд мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 712
  • 1,242
  • 949,732