ДАР ҲИФЗИ ҶОНИ МИЛЛАТ. Чакомаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба табибони ҳозиқ

ДАР ҲИФЗИ ҶОНИ МИЛЛАТ. Чакомаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ба табибони ҳозиқ
Май 14
08:13 2020

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон инсоният бо вабои аср – коронавируси нави Сovid-19 мубориза мебарад, ки табибон дар сафи пеши ин набард қарор доранд. Қаҳрамониҳои табибони ҳозиқ имрӯз аз ҷониби ҳазорон нафар васф мегардад.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО 
ба ҳамшираҳои ҷоннисори шафқат, кормандони миёна ва хурди тиб, онҳое, ки имрӯзҳо ҷоннисоронаву хастагинопазирона шабу рӯз, то охирин неруву мадор дар сафи пеши мубориза бо вабои аср —  коронавирус  мубориза мебаранд, чанд шеър иншо намудааст, ки пешкаши хонандагон мегардонем.

 

ДАР ҲИФЗИ ҶОНИ МИЛЛАТ

Дар ҳифзи ҷони миллат
Имрӯз аввалинед!
Ҳамшираҳои шафқат,
Зебову  нозанинед!

Аввалшуҷоатонед
Дар корзори Меҳан,
Ҳошо, ки бо шумо монд
Зӯру мадори Меҳан!

Ҷон дар хатар ниҳода,
Рӯзу шабон ба коред,
Ҳаққо, ки қаҳрамонед,
Ҳаққо, ки ҷоннисоред!

Бар ҷони худ бигиред,
Ҳар тири аввалинро.
Подош чист, эй халқ,
Ин ҳиммати баринро.

Дар ҷодаи пур аз хавф,
Пеш аз шумо касе нест.
Дар меҳру дар футувват
Беш аз шумо касе нест.

Рамзи садоқату раҳм,
Рамзи вафо шумоед.
Бар ҷисму ҷони Меҳан
Як муттако шумоед.

Бо марг дар набардед,
Ҳаққо, ки марди мардед.
Доруи аввалини
Ҳар ҷони пур зи дардед.

Ҷони наҳифи худро
Дар рӯи каф ниҳодед,
Бо нури он ба бемор
Сад ҷони тоза додед.

Неруи охиринро
Бахшида бар маризон,
Худ костед худро,
Дар пайкару дилу ҷон.

Сад ҷони рафта баргашт.
Бо шафқату шифотон.
Подошатон чӣ бошад,
Подоши бебаҳотон?

Озурда ҷонатон, кош,
Аз ғуссаҳо раҳо бод!
Подош агар надидед,
Подош аз Худо бод!

Ин гуна зӯру ҳиммат
Ҳар паҳлавон надорад.
Ин гуна бонувонро
Рӯи ҷаҳон надорад.

Имрӯз чун шумо кист
Дар ҳифзи ҷони миллат!?
Валло,  шумо, шумоед,
Худ  қаҳрамони миллат!!!

11.05.2020. Субҳ.

 

ҶОННИСОРОНИ МИЛЛАТУ МЕҲАН

Новобаста ба хатарҳои марговар   табибони ҷоннисор, онҳое, ки ба қасами  касбии худ то ба охир ҷавонмардона садоқат доранд, имрӯзҳо дар беморхонаҳои мамлакат барои наҷоти беморон аз ин вабои аср мубориза мебаранд. Ҳаббазо, бар чунин табибон! Илоҳо Худованди карим, ба онҳо саломатӣ,  неру ва пирӯзӣ бубахшад!

Қаҳрамонони миллату меҳан,
Эй табибони ҷоннисори мо!
Рамзи сидқу шуҷоату мардӣ,
Ҳиммату нанги рӯзгори мо!

Аввалинеду аввалин бошед
Дар хатар чун фитод ҷони халқ.
Вақти он аст по ба по хезед,
Монд чун дар хатар равони халқ.

Ҳарфи ман аз табиби ҷонсӯз аст,
Пайкаре, к-аз вафо бувад подор.
Ҳарфи ман аз шуҷоати Синост,
Аз табиби чу набзи дил бедор.

Ин расолат расолати олист,
Бар табибон варо Худо додаст.
Қудрати ҷони тоза доданро,
Ҷуз табибон, бигӯ, киро додаст!?

Бар табибон муборак ин маслак,
Ин ки мероси Бӯалӣ Синост.
Ҳифзи халқу наҷоти миллати худ,
Ин расолат, ки аз ҳама болост.

Ин шараф, ин шуҷоат, ин маслак,
Пешаи вежаи табибон аст.
Он ки дар пайравии кори Худо,
Боз бар халқ додани ҷон аст.

Қаҳрамонони миллату меҳан,
Эй табибони ҷоннисори мо!
Зинда монеду зиндатар бодо
Бо шумо нусрати диёри мо!

11.05.2020.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 981
  • 989
  • 887,346