4574 нафар ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд

Июл 11
07:11 2019

Душанбе, 11:07:2019 /Moh.tj/ Давоми 6 моҳи соли равон  4574 нафар кормандони муассисаҳои илмию таълимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд.

Аз ҷумла дар муассисаҳои давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шӯъбаҳои он 1891 нафар, «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 489 нафар, «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» 7 нафар, муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» 855 нафар, «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» 76 нафар, «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ» 888 нафар, «Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» 7 нафар, «Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» 39 нафар, дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ» 93 нафар, «Маркази миллии ташхису табобат ва таълимӣ» 41 нафар, дар Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ 102 нафар ва дар Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсия 86 нафар мутахассисон ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд.

Айни замон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 9 лоиҳаҳои илмии аз тарафи буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда (1 лоихаи он маблағгузориаш аз соли 2019 оғоз гардид) ва 6 мавзӯи илмии ташаббусӣ амалӣ мегарданд.

Дар 6 моҳи соли 2019 муассисаҳои илмии зертобеи Муассисаи давлатии «Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-тадқиқотиро аз рӯи 18 лоиҳаҳои илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 11 мавзӯъҳои илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва 6 мавзӯъҳои ташаббусӣ давом доданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 729
  • 1,242
  • 949,749