Суғд: Чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Суғд: Чорабиниҳои  идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Июн 03
15:00 2019

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қаламрави вилояти Суғд 1 июн-Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо тантана таҷлил карда шуд. Дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилоят, чунин як чорабинии идона дар Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҷ.Расулов баргузор гардид.

Чорабинии идонаро бо сухани муқаддимавӣ сарвари муассиса Шерафган Шералиев оғоз намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба камол расидани насли наврас имрӯз дар кишвар тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Баъдан табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон мудири шӯъбаи бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд Абдумавлон Дадобоев ба самъи ҳозирин расонид.

Зикр гардид, ки тибқи дастури Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомотҳои ҳокимияти давлатии маҳаллии вилоят ғамхорӣ нисбат ба кӯдакону наврасонро аз вазифаҳои муқаддаси хеш  меҳисобанд.

Инчунин, дар чорабинии мазкур аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия Абдуалӣ Ҳоҷаматов кӯдаконро ба рӯзи идашон табрик намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ Суруди миллӣ дар иҷрои бошандагони ин даргоҳ басо муассир садо дод. Ҳамзамон онҳо дар васфи Модар-Ватан, ҳисси ватандӯстӣ ва пазмонии волидон суруду таронаҳои дилангез сароиданд.

Дар идома устодони санъати ноҳия бо суруду таронаҳои дилангез табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Хона-интернати бемориҳои рӯҳии ноҳияи Ҷ.Расулов наздики 300 нафар шахсони  имконияташон маҳдуд маскун  буда, аз ин ҳисоб 77 нафар бачагони то 16 сола мебошанд. Ба 42 нафар писаракону 35 нафар духтаракони бо амри тақдир ба ин муассисаи табобативу нигоҳубинӣ афтода, дар ин ҷо  141 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 998
  • 1,242
  • 950,018