Стандартҳои сифатӣ ва Аккредитатсияи хизматрасонии иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июл 30
08:49 2019

 Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавзӯи “Стандартҳои сифатӣ ва Аккредитатсияи хизматрасонии иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои зертобеи Агентӣ, созмон ва ташкилотҳои марбутаи соҳа  иштирок намуданд.

Назархудо Дилшодов, муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳадаф ва мақсадҳои баргузор намудани мизи мудаввар ибрози андеша намуд.

Пасон вобаста ба санадҳои қонунгузорӣ ва ба тартибандозии ҳуҷҷатҳое, ки (бевосита ё бавосита) марбут ба ҷанбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва кӯмаки тиббӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Лола Раҷабова, ҳамоҳангсози Лоиҳа оид ба сохтори тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вобаста ба муаррифии таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова оид ба ворид намудани стандартҳои сифатӣ, инчунин пешниҳод ва баррасии Стандартҳои сифатии хизматрасонии иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виорелия Русу, коршиноси байналмилалӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баромад намуданд.

Дар охир вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён саволу ҷавоб баргузор гардид.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 998
  • 1,242
  • 950,018