Фаъолияти «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид

Фаъолияти «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид
Апрел 22
13:36 2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  рӯзи 26 декабри соли 2019 баргузор гардид, қайд намуданд, ки «Бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирӣ таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабака гузаронида мешавад».

Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ”«Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд.

Ҷиҳати шиносоӣ бо рафти татбиқи  лоиҳаи  мазкур дар вилояти Хатлон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  бо иштироки мувоини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода, сардори Хадамоти давлатии ташхисию тиббии ҷумҳуриявӣ Амиршозода Ш.Т, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Раҷабзода М.М намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор доир гардид.

Иштирокчиён масъалаҳои ворид намудани маъюбони вилоятро ба маркази мазкур баррасӣ намуда, ҳамзамон, дар ҷаласа Раиси комиссияи машаваратии ш.Бохтар Кассиров Ҳафизулло оид ба вазъи бақайдгирии маъюбон  ва ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар баромад намуд.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷудаи соҳа аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба масъулин  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,069
  • 1,242
  • 950,089