Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз анборҳои махсуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар анборҳои муассисаи мазкур кӯмаки башардӯстонае, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави “Covid–19” аз ҷониби Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 35 ташкилоту ширкатҳо ба Тоҷикистон ворид гардида, дар маҷмӯъ 340 номгӯи маводҳои муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораториро дар бар мегиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.
То кунун қисми зиёди маводҳои зикршуда ҷиҳати таъмин намудани шароити мусоид барои табибон ва нафароне, ки бо карантини муваққатӣ фаро гирифта шудаанд ва инчунин бемороне, ки дар муассисаҳои табобатӣ муолиҷа гирифта истодаанд, ба як қатор муассисаҳои табобатӣ ва осоишгоҳҳо дастрас гардида, минбаъд низ тибқи талабот маводҳои боқмонда ба муассисаҳои табобатӣ дастрас гардонида мешаванд.