Бегоҳии имрӯз, 18 июни соли равон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумуҳрии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи кории вазорат оид ба андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони COVID-19 баргузор гардид.
Зикр гардид, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар аксар минтақаҳои мамлакат, бахусус дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории COVID-19 пурзӯр карда шаванд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои доруворӣ, пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.