ДОРУ. ТАДБИРҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ АЗ МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТИ БЕСИФАТ ВА ҚАЛБАКӢ

ДОРУ. ТАДБИРҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ АЗ МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТИ БЕСИФАТ ВА ҚАЛБАКӢ
Август 14
09:15 2020

Айни замон сифати доруворӣ ба суҳбати рӯз табдил ёфта, сарусадо ва ҳангомаҳо боиси ташвиши бисёриҳо шудаанд. Ҳар шахс, новобаста ба салоҳият, дар ин маврид, мувофиқи фаҳмиши худ фикру ақида изҳор мекунад. Баъзеҳо бе ягон асос оид ба сифати маводи доруворӣ хулосаи нодуруст мебароранд ва ин ҳолат то андозае ба раванди табобати беморон таъсири манфӣ мерасонад, зеро эътимод ва боварӣ ба сифати дору низ ҷузъи муолиҷа аст.
Сифати дору аз тарзи тайёр кардани он, моддаҳои фаъоли таркибӣ ва риоя шудани талаботи махсуси равандҳои технологӣ вобаста аст. Барои баҳо додан ба риояи талаботи муқарраршуда шароити махсус –  инфрасохтор, таҷҳизот, мутахассис ва ғайра лозим аст. Дар Тоҷикистон монанди аксари давлатҳои дигари ҷаҳон низоми махсус оид ба баҳодиҳии сифати дору ба роҳ монда шудааст. Дар назди Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озмоишгоҳҳое фаъолият менамоянд, ки бо тамоми шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири санҷишӣ таъминанд. Дар ин озмоишгоҳҳо ҳама намуди маҳсулоти фармасевтӣ ва таъйиноти тиббии ватанӣ ва воридотӣ аз санҷиш гузашта, баъд барои ба муомилот баровардани онҳо иҷозат дода мешавад.
Пас, нигаронии шахсоне, ки имконияти баҳодиҳии сифати дорувориро надоранд, аз чӣ сарчашма мегирад? Албатта, сабаби асосӣ дар он аст, ки баъзан ҳангоми табобат бо дору натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд ё дар баробари шифоёбӣ таъсири нохоҳам ба назар мерасад.
Дар қатори сифати дору омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба самаранокии табобат таъсир мерасонанд. Табобат ҳатман бояд бо тавсияи табибон ва дар асоси муоинаҳои амиқ гузарад. Инчунин, ба инобат гирифтани синну сол, ҷинс, мавсими сол, марҳилаи маризӣ, дар баробари бемории асосӣ боз мубталои кадом бемориҳо будани мариз, ҳангоми таъйиноти доруҳо ва ба назар гирифтани таъсири байниҳамии доруҳо зарур аст. Ба истифодабарии ду ё зиёда дору бояд табиб тавсия диҳад. Аз тарафи беморон шартҳо ва тарзҳои истифодаи қабули дору бояд риоя шаванд, ба монанди фосилаи байни қабули доза (воя, миқдор), муҳлати табобат, истифодабарии нӯшокиҳо барои қабули доруҳо, риояи парҳези махсус ва ғайра.
Пешгирии воридот ва истеҳсоли доруҳои қалбакӣ ва ғайристандартӣ мушкилоти ҷаҳонист ва танҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди ин зуҳурот самаровар буда метавонад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин мушкилот орӣ нест. Солҳои охир Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Чунончи, дар Паёми навини Сарвари давлат вобаста ба ин масъала эродҳои бодалел ва дастуру ҳидоятҳои бамаврид ироа шудаанд. Роҳнамоию ҳидоятҳои Сарвари давлат дар масъалаи ислоҳот, рушди соҳа ва бо доруҳои босифат таъмин кардани аҳолӣ дастурамали фаъолияти моанд.
Мутаассифона, ҳарчанд барои рушди соҳибкорӣ бо иқдоми Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат, имтиёзҳои зиёд муқаррар шудаанд, ҳоло низ шахсоне ёфт мешаванд, ки баҳри даромади муфт ва нафси беохири худ мехоҳанд аз ин озодию тинҷии кишвар суиистифода карда, мол ва доруҳои худсохту бесифатро ба ҷумҳурӣ ворид намоянд. Бо мақсади ошкор ва дарёфти маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат санҷишҳои назоратию пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, бо тарзи хариди назоратӣ дилхоҳ маҳсулот барои санҷиш ба озмоишгоҳҳои ваколатдори хадамот супорида мешавад. Дар бисёр маврид доруҳои қалбакӣ ва ғайристандартӣ чунон ба намунаи аслии худ монанданд, ки танҳо бо муоинаи борпечонӣ, тамғагузорӣ ва намуди зоҳирӣ чигунагии сифати маҳсулотро муқаррар кардан ғайримумкин аст. Бештар ҳамон маҳсулоте қалбакӣ сохта мешавад, ки арзиши чандон баланд надорад ва серистеъмол асту ба гурӯҳҳои тамаъкор фоидаи доимӣ ва зиёд мерасонад.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 90 ширкат ба воридоти дору ва молҳои тиббӣ машғул буда, доруҳоро бештар аз Россия, Беларус, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон меоранд. Ҳамаи ин ширкатҳо тибқи қонунҳои мавҷудаи фаъолияти фармасевтӣ намунаи маводи худро пеш аз ба муомилот баровардан барои ташхис ба озмоишгоҳи хадамот пешниҳод менамоянд. Доруҳои қалбакӣ ва пастсифат ба таври расмӣ ворид намешаванд. Инчунин, ҳеҷ ширкати воридкунанда намехоҳад бо ин кирдори зишт обрӯю мавқеашро дар бозори фармасевтӣ аз даст диҳад.
Яке аз роҳҳои пешгирии воридоти маҳсулоти қалбакӣ ба роҳ мондани истеҳсолоти ватанӣ ба шумор меравад. Маҳз дар асоси ашёи хом ва субстансияҳои ватанӣ ба роҳ мондани истеҳсоли дору, назорати онро дар тамоми марҳилаҳо – аз истеҳсолот то роҳёбӣ ба муомилот осон мегардонад. Ҳамзамон, бояд маърифати тиббии аҳолиро боло бардорем, яъне корҳои тарғиботиву ташвиқотиро беҳтар ба роҳ монем. Танҳо дар якҷоягӣ бо мардуми огоҳ метавонем воридоти қочоқии маводи дорувории бесифатро пешгирӣ намоем. Масалан, аксари мардуми мо ҳангоми хариди дору беэътиноӣ зоҳир намуда, доруҳоро дуруст ва тибқи тавсияи табибон ва дастурамали истифодаи он истеъмол намекунанд. Онҳо бо таъсири рекламаи телевизион ё нақли дигарон ҳатто ба табиб муроҷиат накарда, ба дорухона мешитобанд. Ҳол он ки аксари доруҳоро бидуни тавсия ва назорати табиб истифода бурдан мумкин нест.
Барои муборизаи самарабахш бо қочоқ ва пешгирии ба муомилот роҳёбии доруҳои қалбакӣ фаъолияти бисёр сохторҳои дахлдор бояд ҳамоҳанг карда шавад. Ҳамкории муштараки Хадамоти гумрук, Вазорати корҳои дохилӣ, суду прокуратура ва дигар мақомоти дахлдор метавонад дар иҷрои ин амр мусоидат кунад. Якдилона амал кардани ҳамаи сохторҳо, аз қабили давлатию ғайриҳукуматӣ, истеҳсолгарону истеъмолкунандагон, дар маҷмӯъ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон хавфи ба муомилот роҳ ёфтани доруҳои пастсифат ва қалбакиро ба куллӣ коҳиш медиҳад.

Султон БЕКМУРОДЗОДА,
сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 900
  • 1,242
  • 949,920