Тавонбахшии маъюбон беҳтар мегардад

Тавонбахшии маъюбон беҳтар мегардад
Август 21
13:01 2020

Муассисаи  давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» давоми шаш моҳи соли равон фаъолияти худро тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, тавонбахшии маъюбон ва пешбурди корҳои илмӣтадқиқотӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Бояд тазаккур дод, ки олимону коршиносони Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба тақвияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, омӯзиши бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, самаранокии назорати диспансерӣ, солимгардонии беморону маъюбон, ба низом овардани кори комиссияҳои машварати табибии муассисаҳои тиббию профилктикӣ, аз ҷумла беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва коҳиш додани сатҳи маъюбӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Дар ин давра муассиса баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст дронамудани хуруҷи бемориҳои асосии ҷанбаи иҷтимоидошта фаъолияти хешро равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имкониятҳои мавҷуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифтааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар Бахши амбулатории муассиса қабули беморон аз рӯи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза ба шахсони маъюб ва оилаҳои камбизоат ба таври ройгон хизматрасонии тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар ин давра ба 332 нафар табобати амбулаторӣ гузаронида шуда, тибқи таҳлил 96,4% муроҷиати амбулаторӣ аз бемории асаб мебошад, ки 95,3%-и онро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Дар ҳуҷраи гиёҳдармонии муассиса бо истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза ба беморони бистаришуда, инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби ҳуҷра дар ин давра ба 1006 ниёзманд хизмат расонида шуд.

Дар бахши табобатӣ ҷиҳати тавонбахшии маъюбон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва устувории ҷисмониву равонӣ 743 нафар табобат гирифтанд, ки ин 8323 кат/рӯзро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ ба корҳои тадқиқотиву илмӣ, таҳияи фишурда ва мақолаҳои илмӣ, мустаҳкамсозии тавонбахшии маъюбон бо корҳои илман асоснокшуда ва амсоли ин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳаро ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ равона сохтааст.

Аз аввали сол то инҷониб олимон ва ходимони илмии муассиса 8 мақолаҳои илмӣ тарҳрезӣ намуда, барои нашр ба маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ва маҷмӯаҳои илмии муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

Дар муассисаи мазкур 4 нафар унвонҷӯ ва 1 нафар докторант фаъолият намуда, мунтазам дар таҳлили вазъи кунунии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар масоили усулҳои тавонбахшии маъюбон ва барқарорсозии қобилияти кории онҳо, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва ғайра мубодилаи таҷриба намуда истодаанд.

Соли ҷорӣ мавзӯи фармоишии “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019” ба аҷом расонида шуда, ҳисоботи пурраи он тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда пас аз баррасӣ дар Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассиса дар доираи мавзӯи фармоишии “Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” идома  дода шуд.

Фаъолияти бахши захиравию таълимӣ бо назардошти дар оянда дар заминаи муассиса ҷорӣ намудани докторантура бо шакли PhD мустаҳкам гардонида шуда, дар асоси барномаи таълимии тасдиқшуда модулҳои таълимӣ таҳия гардида истодаанд.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ дар соли таҳсили 2019-2020 аз рӯи барномаи “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои табибон) 10 нафар дар як курси таълимӣ ва аз рӯи барномаи “Кори ҳамширагӣ” дар экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои кормандони миёна) 7 нафар дар як курси таълимӣ, инчунин аз рӯи барномаи “Кори иҷтимоӣ” (барои кормандони хурд) 34 нафар дар ду курси таълимӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Дар робита ба ҳамкориҳои дуҷониба дар якҷоягӣ бо Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Корхонаи давлатии заводи протезию ортопедии ш. Душанбе, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиби оилавӣ”,  муассисаҳои давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” ва “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб”, инчунин хонаҳои кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҳамкориҳо дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон идома дода шуданд.

Ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти геронтология аз ҷониби сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими калони илмии Бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони муассиса лоиҳаи Дастурамали вазифавии духтури геронтолог барои муассисаҳои шабакаи КАТС таҳия ва барои баррасӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда шуд.

Дар давраи авҷи бемории сироятии коронавируси нави COVID -19 роҳбарият ва мутахассисони муассиса ба чорабиниҳои Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба эътино бар хурӯҷи ин сироят дар самти машваратдиҳию роҳбаладӣ, ҷобаҷогузории статсионарҳои бемориҳои сироятӣ, ташкили минтақаҳои карантинӣ, қабули шаҳрвандони ба ватан баргардонидашуда ва ҷойгиркунии онҳо, инчунин машваратдиҳӣ ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ бевосита ҷалб карда шуданд.

Муассисаи  давлатии “Пажуҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷрои саривақтии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо пуррагӣ таъмин намояд.

 

Директори Муассисаи  давлатииПажӯҳишгоҳи

экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва

 тавонбахшии маъюбон 

М.Рузиев

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 972
  • 1,242
  • 949,992