Файзобод: шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатӣ пас аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд

Имрӯз, 5-уми ноябри соли равон бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод пас аз таъмир мавриди истифода қарор дошта шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи мазкур Мансур Каримзода, роҳбарият ва кормандони муассисаи тандурустии номбурда иштирок намуданд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, шуъбаи ёрии таъҷилии назди Маркази саломатии ноҳияи Файзобод бо 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин буда, он ба 120 ҳазору 999 нафар аҳолии ноҳияи мазкур хизмат мерасонад.

Дар шуъбаи мазкур дар умум 56 нафар, аз ҷумла мудири шуъба, 1 нафар ҳамшираи калон, 1 нафар механик, 6 нафар момодоя, 11 нафар бародари шавқат, 18 нафар ронанда, 6 нафар дастурдиҳанда ва 14 нафар табиби навбатдор фаъолият менамоянд.

Дар шуъба 2 бригада дар ҳудуди ноҳия ва 1 бригада дар ҷамоати деҳоти 30-солагии Истиқлол ба аҳолӣ хизмат хоҳанд кард.

Дар ин рӯз ҳамзамон 8 нафар собиқадори соҳаи тандурустӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузашта, ба онҳо низ туҳфаҳо тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор додани шуъбаи мазкур сатҳу сифати хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии ноҳияи Файзобод боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон. Таҳлилу баррасии масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз гардиши шабонаи роҳбарияти вазорат ва масъулини соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ

Рӯзи Модар муборак!

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба муносибати Наврӯзи оламфарӯз

Хизматрасонии тиббии ройгон дар доираи аксияи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ”

Search