Дар истифодаи ангишт эҳтиёткор бояд буд!

Бо фаро расидани фасли зимистон ва ҳатто охирҳои фасли тирамоҳ сокинони кишвар, хоса мардуми деҳот аз ангишт истифода мебаранд. Аз сабаби он, ки ангишт хусусияти то дер нигоҳ доштани гармиро дорад, сокинон ҳезумро сарфа намуда, хонаҳоро тариқи он гарм мекунанд. Аммо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи ангишт метавонад боиси заҳролудшавӣ ва ҳатто марги инсон гардад.

Бояд гуфт, ки ҳангоми сухтани ангишт гази оксиди карбон, дуоксиди карбон ва дигар моддаҳои барои саломатӣ зарарнок ихроҷ мешаванд. Ҳамин тавр, дар ҳолати пурра насухтани ангишт гази марговар – оксиди карбон ҳосил шуда, дар мавриди мавҷуд будани монеаи ҳавокаши печ одамро заҳролуд намуда, ҳатто ба марг низ оварда мерасонад.

Албатта дуди ангишт ба саломатии инсон зарарҳои зиёд дорад. Масалан, газҳои заҳролуд: дуди ангишт гази карбон (CO), гази ол (SO2) ва гази азот (NOx)-ро дар худ нигоҳ медорад.

 Таъсири CO: CO хуни инсонро заҳролуд мекунад ва онро аз интиқоли кислород ба ҳуҷайраҳо бозмедорад. Ин метавонад ба сактаи қалб, хушкшавӣ ва ҳатто марг оварда расонад.

 Таъсири SO2: SO2  инсонро ба нафасгирӣ ва бемориҳои равонӣ оварда мерасонад.

Таъсири NOx: NOx метавонад ба бемориҳои равонӣ, бемориҳои қалб ва рагҳо одамро гирифтор кунад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми деҳот махсусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз ангишт фаровон истифода мебаранд. Мутаассифона, заҳролудшавӣ ва ҳам марги шаҳрвандон аз ангишти нимсухта қариб ҳар сол дар мавсими зимистон дар кишвар ба қайд гирифта мешавад.

Бинобар ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки печҳоро қабл аз истифода пурра аз назар гузаронида, дар ҳолати коршоям қарор диҳанд. Ҳамзамон, раванди сухтани ангиштро дар бухорӣ (печҳо) шахсони калонсол назорат намуда, кӯдакони ноболиғро ба ин кор ҷалб нанамоянд.

Дар хотир бояд дошт ки кӯдакон ва пиронсолон нисбат ба дигар қишри ҷомеа осебпазиранд ва онҳоро ба чунин корҳо ҷалб намудан зарурият надорад.

Аз ин рӯ, баробари эҳсос кардани аломатҳои заҳролудшавӣ, аз ҷумла дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, хоболудӣ, торикшавии чашмон ва мушкилоти нафаскашӣ фавран бояд кумаки аввалияи тиббӣ бояд расонид.

Дар ин замина, қайд кардан ҷоиз аст, ки аломатҳои зикршуда, инчунин тағирёбии фаъолияти дил ва шушҳо, вайроншавии баъзе функсияҳои асаб ва беҳуш шудан аз 1-2 то 3- 6 соат ҳам аломатҳои заҳролудшавӣ аз ангишт мебошанд.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки ҳангоми заҳролудшавӣ чӣ бояд кард? 

Кӯмаки аввалин ба бемор дар шароити хона-ин нафаскашии ҳавои тоза, ҳангоми зарурат истифода аз ҳавотозакунак, истеъмоли ҷурғот, қаҳва, чойи талх, ба шахсони аз 18-сола боло додани ангишти фаъол (активированный уголь) рўзе се маротиба чор ададӣ тавсия мешавад.

Барои эмин мондан аз чунин ҳолатҳо зарур аст, ки дар манзилҳои истиқоматӣ аз печҳои мувофиқ истифода намуда, қобилияти ҳавокашии дудбарои он ба инобат гирифта шавад. Ҳамчунин, ҳавои хонаро мунтазам иваз намуда, шабона барои ворид шудани ҳавои тоза аз тирезаҳо истифода бурдан лозим аст.

Дар ҳолати заҳролудшавӣ дару тирезаҳоро кушода, беморро ҳарчи зудтар ба ҳавои тоза баровардан ва мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур аст. Роҳ додан ба худтабобаткунӣ ҳолати хатарнок аст, ки метавонад боиси канда шудани риштаи умри инсон шавад.

Бояд гуфт, ки гази карбон (CO)  мазза, ранг ва бӯй надорад. Он бо ҳаво ба осонӣ омехта мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки онро «қотили хомӯш» меномиданд.

Таъсири марговари оксиди карбон ба он асос ёфтааст, ки он бо гемоглобин таъсири зиёд мерасонад. Ин сафеда дар эритроситҳо (ҳуҷайраҳои сурхи хун) мавҷуд аст. Маҳз ба шарофати ӯ мо нафас мекашем. Гемоглобин оксигенро дар шуш гирифта (он ба воксигемоглобин табдил меёбад), онро бо ҷараёни хун ба узвҳо ва бофтаҳои инсон мебарад.

CO ба гемоглобин нисбат ба оксиген сахттар ва осонтар пайваст мешавад ва карбоксигемоглобинро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат ҷисме, ки нафас гирифтан мехоҳад, нотавон мегардад. Вай гази оксигенро намегузорад, ки берун барояд ва ба хун омехта мешавад. Хун аз оксиген сер шуда, сурхтар мешавад ва дар  натиҷа инсон аз нафастагӣ ба ҳалокат мерасад.

 Султон Раҳмонзода,

директори Маркази назорати давлатии

 санитарию эпидемиологии вилояти Суғд

Мубодила

Facebook
Twitter
LinkedIn
WhatsApp
Email
Print

ҲИФЗИ ТАНДУРУСТИИ АҲОЛӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Хабарҳои охирин

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Баррасии рафти татбиқи лоиҳаи “Миллати солими Тоҷикистон”

Ҷаласаи корӣ оид ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ

Ҷаласаи шӯрои машваратии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашт

Семинар-машварати онлайнӣ оид ба пешгирии бемории саратон

Чорабинии идона бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Search