Истиқлол: Хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин мегардад

Истиқлол: Хизматрасонии босифати тиббӣ таъмин мегардад
Сентябр 19
09:06 2020

Ба аҳолии шаҳри Истиқлол 4 муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла Беморхонаи марказӣ бо 120 кати беморӣ, Маркази саломатӣ барои қабули 750 бемор дар як баст, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, 4 адад ҳуҷраҳои махсусгардонидашуда (солимии репродуктивӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, иммунопрофилактикӣ) дар заминаи шабакаи КАТС хизматрасонии тиббию санитариро мерасонанд.

Беморхонаи марказии шаҳр дар 5 бинои алоҳида ҷойгир гашта, солҳои 1946-1947 сохта шуда,  аз шуъбаҳои амрози занона – 40 кат, амрози дарунӣ – 25 кат, ҷарроҳӣ – 20 кат, бачагона – 15 кат, шуъбаи бемориҳои сирояткунанда – 20 кат ва маъмурияти беморхона иборат мебошад.

Шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва амрози дарунӣ дар бинои дуошёнаи алоҳида ҷойгир карда шудааст. Шуъбаи ҷарроҳӣ соли 2015  ва шуъбаи амрози дарунӣ соли 2016 аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст, ки бо таҷҳизотҳои сабти барқии дил, дефибриллятор таъмин мебошад.

Шуъбаи сироятӣ дар бинои алоҳидаи якошёна бо 20 кат ҷойгир карда шуда, соли 2017 аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.

Шуъбаҳои амрози занона ва таваллуди беморхона аз буҷети МИҲД-и шаҳри Истиқлол соли 2019 аз таъмири куллӣ бароварда шуд.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳри Истиқлол 243 нафар кормандони тиб фаъолият мебаранд, ки барои онҳо 344,5 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, 31 нафар табибон (2 нафар дар рухсатии баъдитаваллудӣ), 108 нафар (29 нафар дар рухсатии баъди таваллудӣ) кормандони миёнаи тиб, 104 нафар кормандони хурд  ва ғайра мебошанд.

Дар муасисаҳои тиббии шаҳри Истиқлол таҷҳизотҳои сабти барқии дил – 4 адад, оксигенератор – 2 адад, дефибрилятор- 1 адад, гемоанализатори биокимиёвӣ, гемоанализатор, 5 адад дастгоҳҳои сунъии нафаскашӣ, ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, рентгенӣ , тахлилгоҳ ва ғайра фаъолият мебаранд. Дар ин давра 2 адад таҷҳизоти СБД  аз ҳисоби маблағҳои махсус ва рентгенаппарат аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ харидорӣ шуд.

Ҳамаи шӯъбаҳои беморхонаи марказии шаҳр, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавии маркази саломатӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо ҳароратсанҷҳои фосилавӣ, либосҳои муҳофизатии инфиродии бисёркарата ва яккарата таъмин мебошанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 961
  • 1,242
  • 949,981