Суғд: То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст

Суғд: То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Октябр 31
13:22 2020

Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми солҳои 2019-2021 сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 459 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 64 адад беморхонаҳо, 118 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 бояд, ки 123 адад иншоотҳои соҳаи тандурустӣ , аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхонаҳо, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухонаҳо бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими онҳо ба итмом расонида шавад. Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншоотҳои тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо ба итмом расонида шудааст.

Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 916
  • 1,242
  • 949,936