Семинари омӯзишӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам

Семинари омӯзишӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам
Декабр 03
15:16 2020

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД), ки ҳамасола дар ҷаҳон 1 декабр қайд карда мешавад, бо ташаббуси Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он намояндагони ВАО, намояндаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва мутахассисони соҳа аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Тавре мудири шуъбаи назорати диспансерии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам”  дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зӯҳро Нурляминова  зимни ҳамоиш ба хабарнигорон иброз дошт, Вируси норасоии масунияти одам бемории сироятии музмин буда, танҳо аз одам ба одам    тавассути хун,  алоқаи ҷинсии ҳифзнашуда, сӯзандоруҳои тамъизнашуда  ва инчунин  аз модари сироятёфта  ба навзод ҳангоми таваллуд ва ё  ширмаконӣ мегузарад.

Ба зикри номбурда,  ВНМО  тавассути оби даҳон, салом кардан, баоғӯшгирӣ, сулфа, атсазанӣ, оббозии якҷоя дар ҳавзи шиноварӣ,  ҳаммом, ошхона ва истеъмоли якҷояи хӯрок сироят намекунад. ВНМО системаи иммунитети шахсро  заиф карда, онро барои  солим нигоҳ доштани организм мураккаб месозад. Вақте ВНМО рушд меёбад, он метавонад ба Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ/СПИД) оварда расонад.

«Имрӯз  тамоми дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон  дастрас буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба  шахсони бо ВНМО зиндагикунанда  ройгон ба роҳ монда шудааст.   Дар сурати истифодаи саривақтии доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани беморӣ ВНМО идорашаванда  мебошад. Дар ҳолати  табобати  саривақтӣ ва истеъмоли дору нафарони гирифтори ин беморӣ метавонанд фарзандони солим ба дунё оранд»,- гуфт  Зӯҳро Нурляминова.

Дар семинар ба иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) аз ҷониби мутахассисони соҳа маълумот пешниҳод карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 960
  • 1,242
  • 949,980