Дар идомаи сафари кории хеш ба вилояти Суғд имрӯз, 19 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҷараёни корҳои сохтмонии як қатор иншоотҳои ҷашнии шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд азнавсозӣ, бунёд ва таъмиру таҷдиди даҳҳо иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар дар шаҳри Хуҷанд низ садҳо биноҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд гардида, ба симои он ҳусни дигар бахшиданд.
Ҳамзамон, имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд, махсусан аз Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон дидан намуд.
Зимни боздид номбурда таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкурро ба масъалаҳои баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19, беҳтар намудани ёрии аввалияи тиббӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар беморхонаи мазкур барои муътадил гузаронидани фасли зимистон захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи хӯрокворӣ муҳайё карда шудаааст.
Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамзамон, гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар вилояти Суғд қарор дорад, шаби 18 декабр аз фаъолияти шабонаи як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд дидан намуда, бо хизматрасонии табибон шинос шуд.
Инчунин, намояндагони вазорат бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба табобат фаро гирифта шудаанд, мулоқоти озод анҷом доданд.