Барои гирифтани маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID метавонед ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ муроҷиат намоед

Барои гирифтани маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID метавонед ба Озмоишгоҳи миллии референсӣ муроҷиат намоед
Май 06
15:23 2021

Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» бо назардошти афзудани талаботи шаҳрвандони мамлакат барои гирифтани маълумотнома оид ба ташхиси бемории COVID-19, ки ба хориҷи кишвар сафар менамоянд,  ташхиси дурусту дақиқ ва саривақтӣ пешниҳод менамояд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Озмоишгоҳи миллии референсӣ» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, натиҷаи ташхиси тестии шаҳрвандон барои муайян намудани бемории коронавирус дар озмоишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ давоми 5-6 соат омода ва пешниҳод карда мешавад.

Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳанд, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками неруи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гарданд.

Инчунин вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.

Дар пайи ба эътидол омадани вазъи санитарию эмидемиологӣ, махсусан вазъи бемории COVID-19 дар Тоҷикистон  пас аз моҳҳо қатъ гардидани парвозҳои ҳавоӣ бо кишварҳои хориҷӣ, хушбахтона, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва якчанд кишварҳо, хосатан Россия парвозҳои ҳавоӣ аз нав оғоз гардиданд.

Тибқи талабот, аз ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба ин ё он давлат сафар  менамояд, дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо ҳатман маълумотнома оид ба ташхиси бемории коронавирус талаб карда мешавад.

Суроғаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ:  ш. Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо).

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 955
  • 1,242
  • 949,975