Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 бо истифода аз ваксинаи “Модерна” дар Тоҷикистон оғоз ёфт

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 бо истифода аз ваксинаи “Модерна” дар Тоҷикистон оғоз ёфт
Июл 27
17:34 2021

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи 26 июли соли равон 1,5 млн воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА  ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19  ба Тоҷикистон  ворид гардид. Вояҳои ваксинаи мазкур аллакай ба ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, минтақаи Рашт ва шаҳри Ваҳдат дастрас карда шуда, маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар миёни шаҳрвандон бо истифода аз ваксинаи мазкур оғоз ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемории COVID-19 имрўзҳо дар тамоми кишвар маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 бомаром идома дорад.  Ваксинаҳо ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ аллакай дастрас шудаанд.

Аз тамоми сокинони кишвар даъват  ба амал оварда мешавад, ки дар ин маърака иштироки фаъол дошта бошанд. Гирифтани ваксина имрўз роҳи асосии пешгирии бемории коронавирус дар тамоми ҷаҳон интихоб шудааст.  Ҳамчунин, ёдовар мешавем, ки гузаронидани ваксина ройгон ба роҳ монда шудааст. Барои гирифтани ваксина ба марказҳои саломатии ҷои истиқомати хеш муроҷиат намоед. Нисбати саломатии худ ва наздиконатон бетараф набошед.

Инчунин, ҷараёни ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 бо истифода аз  дигар ваксинаҳои дастрасшуда  дар кишвар бомаром идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 973
  • 1,242
  • 949,993