Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардид

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардид
Октябр 12
15:13 2021

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои охир ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Раҳмонзода» таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид гардида, биноҳои он аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, хабар дод директори коллеҷ Зубайдулло Азиззода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки барои омода сохтани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир ба коллеҷ омӯзгорони беҳтарин ҷалб карда шуда, бо муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб баҳри гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шартнома баста шуд. Сохтмони бинои баландошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯёни коллеҷ идома дошта, баъди ба истифода супоридани он мушкилоти донишҷӯён дар ин самт бартараф мегардад.

Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Раҳмонзода» яке аз муассисаҳои бонуфуз дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар он садҳо нафар мутахассисони соҳибтаҷриба омода ва ба муассисаҳои тиббӣ сафарбар карда мешаванд. Имсол низ тариқи Маркази миллии тестӣ довталабон ба муассисаи мазкур дохил шуданд.

Директори коллеҷ Зубайдулло Азиззода эълон доштааст, ки донишҷӯёне, ки ба таври аъло мехонанд ва интизоми намунавӣ доранд,  баъди санҷиш бо идрорпулии иловагӣ таъмин мегарданд.

АКСҲО аз  Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977