Даври омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак

Октябр 15
10:51 2021

Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 то 22 октябри соли равон дар ноҳияҳои Файзобод, Шамсиддин Шоҳин, Рашт ва шаҳри Кӯлоб даври омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак ва сарпарастории дастгирикунанда доир карда мешавад.

Тибқи барномаи тасдиқгардида барои иштирочиён вобаста ба натиҷаҳои арзёбии сифати химзматрасонӣ дар ноҳияҳои плотӣ дар доираи лоиҳаи Бонки осиёии рушд “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, мулоҳизаронӣ оид ба  сарпарастии дастгирикунанда, сифат ва малакаҳои сарпарастии дастгирикунанда, банақшагирӣ ва татбиқи сарпарастори дастгирикунанда, презентатсияҳо вобаста ба масъалаҳои гуногун пешниҳод карда  мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории даври омӯзишӣ-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи мутахассисони соҳа дар сатми беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ба шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 718
  • 1,242
  • 949,738