Маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19-ро вусъат бахшем,-бардошт аз мулоқоти кормандони тандурустӣ дар Турсунзода

Маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19-ро вусъат бахшем,-бардошт аз мулоқоти кормандони тандурустӣ дар Турсунзода
Декабр 30
12:41 2021

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 баҳри таъмини иштироки фаъолонаи сокинони шаҳр дар маъракаи эмгузаронӣ  ва фаҳмонидани моҳияти иммунизатсия миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро  вусъат бахшидан зарур аст. Дар ин бора зимни вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр, ки 29 декабр  доир гардид, гуфта шуд.

Тавре аз  мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода  аз кормандони соҳаи тандурустии шаҳр даъват ба амал овард, ки баҳри дар сатҳи баланд  иҷро намудани  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардиданд,  саъю талош намуда,  дар  рушди соҳа ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ саҳми босазо гузоранд.

Раиси шаҳр иброз дошт, ки соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи доими Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағгузории соҳа сол то сол афзун гардида, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода низ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин гардид, ки ба рушди соҳа  мусоидат намуд.

Дар ин замина таъкид шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ муассисаҳои соҳа,  аз ҷумла, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, беморхонаи №2, муассисаҳои шабакаи КАТС таъмиру навсозӣ карда шаванд.

Дар индома раиси шаҳр ба кормандони соҳа  барои  иштироки фаъолона  дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миннатдорӣ намуд.

АКСҲО аз мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 636
  • 1,242
  • 949,656