Вохурӣ бо намояндаи тоҷикистонии ЮНФПА

Вохурӣ бо намояндаи тоҷикистонии ЮНФПА
Март 03
13:55 2022

Имрӯз, 3 марти соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи тоҷикистонии ЮНФПА (Хазинаи нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид) Наргис Раҳимова вохурӣ намуд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ЮНФПА дар самти тандурустӣ 4 лоиҳа доир ба саломатии модар, баробарии гендерӣ, танзими оила ва пешгирии ВНМО пешниҳод намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ЮНФПА (Хазинаи нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид) шарики асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки амалисозии Барномаи давлатии солимии репродуктивиро барои солҳои 2019-2022 дастгирӣ менамояд.

Бо дастгирии ЮНФПА аз ҳисоби маблағҳои ташкилоти ҷопонии Tokyo FM– Hellosmile дар акҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба пешгирии саратони гарданаки бачадон амалӣ гардидааст, ки он имкон дод, ки як қатор таҷҳизотҳои лозима барои скрининги бармаҳали ин беморӣ харидорӣ карда шаванд.

Ҳамзамон, ЮНФПА дар доираи амалисозии қисмати сеюми (рушди иқтидори институтсионалӣ) Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кудак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон”, ки аз тарафи Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ мегардад, саҳмгузор мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 973
  • 1,242
  • 949,993