Имрӯз, 18 апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳуқуқи маъюбон хонум Сара Минкара, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохурӣ намуд.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст хонум Сара Минкараро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, ҳамзамон оид ба вазъи маъюбони кишвар ба номбурда мухтасар маълумот дод.
Аз ҷумла ӯ иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, дар кишвар ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла 22 марти соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҷиҳати омӯзиши масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” ва “Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” ба тасвиб расидаанд.
Хонум Сара Минкара, мушовири Котиботи Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба ҳуқуқи маъюбон дар навбати худ иброз дошт, ки ҳадафи сафари ӯ ба Тоҷикистон муҳокимаи ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон, пешравӣ дар самти тасдиқи Оинномаи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва имконияти мусоидат ба шуғли фарогир ва таҳсили ин табақа дар Тоҷикистон мебошад.