Вохурӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

Вохурӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ
Август 26
15:31 2022

Имрӯз, 26 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони муассисаи мазкур баргузор гардид, ки дар он ҳамзамон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Вохурии мазкурро Насим Олимзода, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони муассисаи номбурда пайваста суҳбату вохурӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Дар идома намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ суханронӣ намуда, бобати оқибатҳои коррупсия ва хатари он ба ҷомеа мухтасар маълумот дод.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки коррупсия падидаи номатлуби ҷомеа буда, он монеаи рушду пешрафти давлат мегардад. Бинобар ин, ҳар фардро зарур аст, ки барои решакан сохтани ин падидаи номатлуб ҳиссаи арзандаи худро гузорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 730
  • 1,242
  • 949,750