Сохтмон ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ дар вилояти Суғд

Сохтмон ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ дар вилояти Суғд
Январ 19
17:00 2023

Давоми соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ, сохтмон ва таъмири 129 адад иншооти тандурустӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  ба итмом расонида шуд.  Аз ҷумла сохтмони беморхона, шуъбаҳо ва иншооти ёрирасон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Истиқлол, Конибодом, Панҷакент, Деваштич ва Ашт, марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Спитамен, бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Спитамен, Шаҳристон ва Ҷ.Расулов ба итмом расида, таъмири 40 адад беморхонаҳо ва шуъбаҳои онҳо дар шаҳрҳои  Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Б.Ғафуров, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов,  таъмири марказҳои саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол, Панҷакент, Айнӣ, Б.Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, К.Мастчоҳ, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Б.Ғафуров, Зафаробод, К.Мастчоҳ ва шаҳри Паҷакент ба итмом расонида шуд.

Дар ин росто, зикр намудан ба маврид аст, ки  соли 2022 дар вилоят бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таваллудхонаи шаҳрӣ ва Муассисаи хусусии Маркази стоматологӣ дар шаҳри Панҷакент, бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5-и ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом, Маркази тиббии “Ортепедия ва технологияи муосир” ва баъди ба итмом расидани таъмири куллӣ Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дар шаҳри Хуҷанд, бинои нави Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Умонов дар ноҳияи Б.Ғафуров ва дар доираи сафари меҳмонон бинои иловагии Маркази саломатии ноҳияи Б.Ғафуров ва бунгоҳи саломатии Зарафшони ноҳияи Ҷ.Расулов ба истифода дода шуданд.

Айни ҳол дар 16 адад иншооти соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои сохтмону таъмир   идома дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 940
  • 1,242
  • 949,960