Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба тандурустӣ

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба тандурустӣ
Июл 08
09:48 2023

7 июли соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба тандурустӣ дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Ҷаласаро Сардори раёсти ислоҳот ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бандаев Илҳом ва Сардори  Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Манучеҳра Мадҷон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои тандурустӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 суханронӣ намуданд.

Бандаев Илҳом  қайд кард,  ки рафти амалисозии нақшаи амал  барои солҳои 2021-2023 ва 2 соли амалишавии Барномаи миёнамуҳлат як қатор вазифа ва чорабиниҳо татбиқ гардидаанд.

Дар раванди ҷаласа сармутахасссиси Раёсати робитаҳои байналмиллии вазорат Асадулло Шарапов муарифнома оид ба мониторинг ва арзёбии соҳаи  тандурустиро дар Барномаи миёнамуҳлати рушд  барои солҳои 2021-2025 пешкаши аъзои гуруҳи корӣ намуд, ки аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои пурмуҳтаво сурат гирифт.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва меъёрии соҳаи тандурустӣ,мустаҳкам намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, таъмини дастрасӣ ва сифати доруворӣ, татбиқи моделҳои тарзи ҳаёти солим, пурзур намудани мубориза бар зидди бемориҳои сил ва гепатитҳои вирусӣ, вируси нави COVID-19 ва баланд намудани фарогирии ҳамаи шаҳрвандон ба муоинаи тиббии профилактикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки вазорату идораҳо, шарикони рушд ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар робита ба таъмини дастрасӣ, татбиқи моделҳои тарзи ҳаёти солим, баланд намудани фарогирии ҳамаи шаҳрвандон ба муоинаи тиббии профилактикӣ  як қаторҳои корҳои амалиро иҷро намуданд, ки метавонад ба пешравии соҳа мусоидат намояд.

Инчунин қайд карда шуд, ки баланд бардоштани фарҳанги тиббии шаҳрвандон ва солимии ҷомеа фаъолияти якҷояи ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 972
  • 1,242
  • 949,992