Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” воқеъ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бо мақсади таҳлил ва баррасии раванди тадбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Азиз Одиназода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида дар кори он роҳбарият ва намояндагони идораҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ва намонядагони идораҳои дахлдор ба соҳа иштирок намуданд.
Мақсади аслии баргузор гардидани мизи мудаввар баррасии раванди тадбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” маънидод мегардад.
Дар кори чорабинӣ иштирокдорон бештар дар самтҳои раванди тадбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” вобаста ба тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, солимгардонӣ ва пешгирии маъюбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда масоили таъмини иҷтимоии маъюбон, ҳамгироии масъалаҳои вобаста ба маъюбият, васеънамоии ҳуқуқу имкониятҳо ва муҳити дастрас барои маъюбон дар доираи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, саҳми ташкилотҳои байналмиллалӣ дар раванди амалисозии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” дар соли 2017”-ро таҳилу баррасӣ намуданд.