Бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд ҷиҳати татбиқи “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 тасдиқ гардидааст, ҳамчунин, рушди модели “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.
Дар робита бо ин,бо мақсади фардикунонии хизматрасонӣ тавассути тақвияти истифодаи нақшаҳои инфиродии тавонбахшӣ бо дастгирии Лоиҳаи “Кӯмаки техникии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди нерӯи инсонӣ (марҳилаи II)”омӯзиши 5 номгӯи таснифот ва стандартҳои категорияҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла “Хизматрасонии рӯзонаи кӯдакони маъюб”, “Хизматрасонии рӯзона ба шахсони кӯҳансол ва маъюбон”, “Хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта”, «Хизматрасонии иҷтимоӣ ба шахсони пиронсоли қисман ё пурра қобилияти худхизматрасониро аз дастдода дар шароити будубоши доимӣ» ва «Мутобиқшавии иҷтимоӣ ва ҳамгироии шахсони бе ҷойи муайяни зист дар шароити будубоши муваққатӣ» барои ҳамаи кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамчунин, таснифот ва стандартҳои категорияи хизматҳои иҷтимоии “Тавонбахшии маъюбон дар сатҳи маҳал” таҳия гардида, фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017, № 1082 “Дар бораи озмоиши таснифот ва стандартҳои категорияи хизматҳои “Тавонбахшии маъюбон дар сатҳи маҳал” ба тасвиб расид. Тибқи муқаррароти фармоиши мазкур соли 2018 таснифот ва стандарти номбаршуда дар марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Турсунзода, Норак, Шуғнон, Ховалинг ва Сангвор мавриди озмоиш қарор дода мешавад.
Бо мақсади ба роҳбарият ва кормандони иҷтимоии марказҳои номбаршуда тибқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2018, №165 рӯзҳои 22-24 феврали соли 2018 даври омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар даври омӯзишӣ ҳамчунин, мутахассисони шӯъбаҳои дахлдори вазорат, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони филиали Ташкилоти “Каритас Олмон” дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иштирокчиёни омӯзиш оид ба мафҳуму истилоҳот, заминаҳои ҳуқуқӣ, мақсади хизматҳо, гурӯҳи афзалиятнок, натиҷаҳо ва принсипҳо, намудҳои асосии фаъолият, ки дар таснифот ва стандарти категорияҳои хизматҳои иҷтимоии “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” пешбинӣ гардидаанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардида, корҳои амалӣ дар гурӯҳҳо гузаронида шуданд. Умуман, дар даври омӯзишӣ 30 нафар иштирок намуданд.
Омӯзишҳо имкон медиҳанд, ки роҳбарони муассисаҳо бо донишҳои нав ва усулҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои худ фаъолиятро ба роҳ монда, сатҳу сифати хизматрасониии иҷтимоиро баланд бардоранд.
Омӯзиши стандарти мазкур барои ҳамаи кормандони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоие, ки тибқи модели “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” фаъолият доранд, ба нақша гирифта шудааст ва дар минтақаҳо баргузор хоҳад гашт.