Ҷамъомади идона ба ифтихори НБО “Роғун”

Ҷамъомади идона ба ифтихори  НБО “Роғун”
Ноябр 19
13:19 2018

Дар Маркази миллии тиббии   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ба ифтихори Рўзи Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба кор даровардани нахустин чархаи НБО «Роғун»   ҷамъомади идона баргузор гашт.

Шамсзода Хизматулло, директори Маркази миллии тиббии   ҶТ «Шифобахш»  ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо ин рўйдодҳои таърихӣ табрик  намуд.

Сулаймон Исматов, муовини директори Донишкадаи баъдидипломии кормандони соӽаи тандурустӣ  низ бо таърихӣ хондани ин руз изҳор намуд, ки баҳрабардорӣ аз нахустин чархаи НБО «Роғун» лимити барқ дар Тоҷикистонро ба афсона мубаддал кард, ки дар ин самт заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсифнопазир аст.

Ҳамчунин Зариф Сафаров, муовини ректори Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ дар суханрониии худ тайи ин нишаст дастовардҳои истиқлол ва фароҳам шудани шароити рушди соҳоти  зиндагӣ дар Тоҷикистонро мубтанӣ бар фаъолиятҳои пурсамари Пешвои миллат донист. Ӯ гуфт, ки ба Рўзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» рамзист ва ин далеле бар талошҳои Пешвои миллат дар заминаи иҷрои барномаҳои стратегии ҳукумат аст. Ў афзуд, ки натиҷаи сиёсати созандаву башардўстонаи Пешвои миллат буд, ки имрўз   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии кишвар бо   ҷонибдории   ҷомеаи   ҷаҳонӣ қабул ва татбиқ гардида истодаанд.

НБО «Роғун» бо иқтидори 17 миллион киловатт/соат дар сол аз иншооти стратегии кишвар аст, ки сохтмони он ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1976 шурӯъ шуд, вале ба далели пошхӯрии иттиҳод ва ҳамчунин ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба таъхир афтод. Соли 2008 Ҳукумати Тоҷикистон иқдом ба идомаи ин сохтмон кард ва рӯзи 16-уми ноябри  имсол аз нахустин чархаи он баҳрабардорӣ шуд.

Зимнан соли 2016  16 ноябр ба унвони Рӯзи Президент дар Тоҷикистон эълом шуд ва дар кишвар ҳамасола аз ин рӯз таҷлил мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 675
  • 1,242
  • 949,695