Имрӯз, 4-ноябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода оид вазъи бемории сил ва беҳтар намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласаи имрӯза роҳбарони муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват гардидаанд.
Дар идома Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷамолиддин Абдуллозода оиди лоиҳаҳои Хазинаи глобалӣ барои мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа суханронӣ намуданд.
Дар охир ҷамъомадагонро бахшида ба яке аз санаҳои муҳиму фархунда барои миллати тоҷик-Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳозиринро шодбош гуфтанд.
Иброз гардид, ки воқеан ҳам Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ба шумор меравад. Чун ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз дар Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад.
Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: “Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”.
Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, аҳли ҷаласаро ба анҷом додани меҳнати софдилона баҳри ободии кишвари маҳбубамон дар самти пешгирии бемории сил даъват намуд.