Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба мубориза бо бемориҳои норасоии масунияти одам баргузор гардид

Ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба мубориза бо бемориҳои норасоии масунияти одам баргузор гардид
Декабр 25
13:22 2020

Имрӯз, 25 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  Кумитаи ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба мубориза бо бемориҳои норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Самариддин Ализода, намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ҷалб намуд.

Ҳамин тавр, тибқи рӯзнома дар ҷаласаи Кумита масъалаҳои ҷараёни иҷрои гранти Хазинаи глобалӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил, ҷараёни иҷрои Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) «Флагман» дар самти мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кории Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди БПНМ, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, тасдиқи ҳайати Комиссияи назорати назди Кумитаи ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба  мубориза бо бемориҳои норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъқул донистани «Кодекси ахлоқи аъзоёни кумитаҳои ҳамоҳангсозии кишварӣ»-и Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемориҳои пайдошудаи норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа мавриди баррасӣ қарор гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемориҳои норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа тавассути барномаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда барои мустаҳкам намудани иқтидорҳои марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил, марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) кӯмаки моддӣ дар шакли маводҳои зиддиуфунӣ ва лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ пешниҳод намудааст, ки барои фаъолияти мунтазами марказҳои зикргардида мусоидат намудаанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 710
  • 1,242
  • 949,730