Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон баргузор шуд

Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон баргузор шуд
Май 22
13:55 2020

Дирӯз, 21 май таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат, раиси ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситод бо иштироки аъзои он, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сараввал Сарвазири мамлакат ёдовар шуд, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ корҳои омодагиву пешгириро дар саросари кишвар барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхонаҳо бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 табиб ва корманди тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.

Дар интиҳои ҷаласа ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар ҷумҳурӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҷумла, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки сатҳу сифати хизматрасониро дар муассисаҳои тиббӣ беҳтар карда, дар замина ба таври мунтазам ба ситоди ҷумҳуриявӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд. Вазоратро зурур аст, ки  масъалаи таъмин кардани доруворӣ, либоси муҳофизатӣ ва маводи зиддивирусиро низ дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро мунтазам ба ситоди ҷумҳуриявӣ ирсол дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазорати мазкур лоиҳаи барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро ҳарчи тезтар таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати дар ҳаҷми зиёд ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқоб ва либоси безараргардониву санитарӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Ҳамзамон, вазорат механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба ситоди ҷумҳуриявӣ таклифи мушаххас манзур намояд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ҷиҳати ба роҳ мондани сохтмони беморхонаи касалиҳои сироятӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ  дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.

АКСҲО аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 710
  • 1,242
  • 949,730