Ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид

Ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид
Апрел 10
16:57 2020

Бегоҳии имрӯз, 10 апрели соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус баргузор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, пурзӯр намудани назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, таъмин намудани духтурон бо либосҳои муҳофизатӣ, боз ҳам чоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки аз 1 феврал то  имрӯз, 10 апрели соли равон 7362 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 5482 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 1880 нафарашон дар карантин қарор доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки айни замон Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба реҷаи фаъолияти омодагии сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои провизорӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст ва дар ҳолати зарурат мувофиқ ба имконияташ гумонбарон он ҷо ҷой карда хоҳанд шуд. Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидораш, инчунин Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон- “Шифобахш” барои ҷойгир намудани гумонбарони сирояти коронавирус низ ҳоло омода карда шудаанд. Дар маҷмӯъ, 3150 кати табобатии нав барои сироятёфтагон тайёр карда хоҳанд шуд. Албатта, ин ҳадди ниҳоӣ набуда, вобаста ба ҳолати пешомада боз катҳои иловагии нав низ ҷудо карда хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 716
  • 1,242
  • 949,736