Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Хатлон

Ҷаласаи Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Хатлон
Апрел 26
08:30 2018

Санаи 24 апрели соли 2018 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадори вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он Раиси Шӯрои мазкур, ҳамзамон муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баромаду суханронӣ намуд.

Тавре котиби матбуоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон иттилоъ дод, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни суханронии худ изҳор дошт, ки мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии он кори дастаҷамъӣ буда, бояд тадбирандешиҳоро дар самти тарғибу ташвиқи пешгирии нашъамандӣ тақвият бахшид. Номбурда таъкид намуд, ки  дар ин  самт  ҳамкориҳо бояд амалӣ бошанд ва маводҳо оиди пешгирӣ, таблиғоту рекламаҳо бо ҷалб ва иштироки фаъоли мутахасисони соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гарданд, инчунин, барои омода намудани мутахассисон – наркологҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар  ҷаласа, ҳамчунин, котиби Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят дар бораи натиҷаи санҷиши фаъолияти Шӯроҳои шаҳри Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ ҳисобот дод.

Ҳамзамон, дар нишаст ахбори сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон ва сармуҳаррирони нашрияҳои вилоятӣ вобаста ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, инчунин, ахбороти Маркази наркологии вилояти Хатлон дар самти ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ шунида шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 680
  • 1,242
  • 949,700