Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ вобаста ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” баргузор гардид

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ  вобаста ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” баргузор гардид
Март 30
13:56 2022

Имрӯз, 30 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Тавре гуфта шуд, аз қабули “Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2021-2025”як сол сипарӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2021 оид ба иҷрои Нақшаи мазкур аз рӯи маълумотҳои пешниҳодгардидаи вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҳисоботи иҷроиши нақшаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки оид ба муҳимияти ғизои солим барои инкишофи зарфияти инсонӣ нақши марказии он дар ноилшавии Ҳадафҳои Рушди Устувор шаҳодат медиҳад: ҳадди ақал 12-тои ин ҳадафҳо аз нишондиҳандаҳое иборатанд, ки ба ғизо муносибати мустақим доранд.

Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо соли 2010 бо ташаббуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид пас аз нашри як зумра мақолаҳои муҳим дар соли 2008  дар маҳаллаи «Лантсет» бахшида ба проблемаҳои ғизо, ки дар онҳо нимгушнагӣ яке аз бӯҳронҳои муҳими асосӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эътироф шуда буд ва омили иловагии фавти 3,5 миллион модарону кӯдакон гардидааст, ба миён омадааст. Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ҳукуматҳои миллиро ба амалиёт оид ба ҳалли проблемаҳои нимгушнагӣ тариқи тавсеаи миқёси чорабиниҳои самаранок дар соҳаи ғизо илова бар онҳое, ки проблемаҳои асосии сершумори нимгушнагӣ равона шудаанд, даъват мекунад ва ба ин ҳаракат аллакай 64 мамлакат ҳамроҳ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ҳамроҳ гардид ва масъалаҳои ғизо ба вазифаҳои афзалиятнок мубаддал гардида, дар рӯзномаи маҷлис дар соҳаи рушди миллӣ мустаҳкам ҷой гирифта, нишондиҳандаҳои мақсадноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи ғизо барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ) расман қабул гардиданд. Раиси Шуро ва котиботи Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) низ дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таъсис дода шуд, ки аз ҷониби дигар вазорату идораҳои ҳукуматӣ ва шарикон оид ба рушд, бо шумули БОҶ, ЮНИСЕФ, ЮСАИД ва GIZ дастгирӣ меёбад.

Дар идомаи ҷаласа як қатор мутахассисон доир ба самтҳои гуногуни мавзӯъ баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 910
  • 1,242
  • 949,930