Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” баргузор гашт

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” баргузор гашт
Август 29
08:24 2024

Рӯзи 28-уми августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 ба тасвиб расидааст, баргузор гардид. Дар  ҷаласа сарпарасти соҳа-муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагии шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода таъкид намуд, ки “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” бо мақсади пешгирии норасоии микронутриентҳо дар организми инсон ва бемориҳои вобаста ба он (ҷоғар, шабкӯрӣ, камхунӣ, норасогии найчаи асаб ва ғайра) тавассути таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, пурзӯр намудани фаъолияти байни соҳавӣ, назорати сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, таъсиси низоми пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд бо роҳи ғанигардонии маҳсулотҳои хӯрокворӣ бо микронутриентҳо дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Дар идомаи ҷаласа ҳисобот оиди нақшаи амалисозии барнома барои солҳои 2024-2025 аз ҷониби намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”-и Вазорати кишоварзиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии шарикон оид ба рушд шунида шуд.

Дар анҷоми ҷаласа Абдухолиқ Амирзода аз аъзоёни Шӯро даъват ба амал овард, ки дар иҷроиши бандҳои дигари барномаи мазкур  корбариро  боз ҳам ҷоннок намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,137
  • 1,236
  • 1,023,441