
Имрӯз, 3 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия Анна Попова, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Анна Поповаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.
Баъдан, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологии минтақа, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.
Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гашт.