Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт

Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт
Ноябр 26
19:48 2022

26 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани 7-уми акушер-гинекологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони парлумони кишвар, ҲХДТ, шарикон оид ба рушд, роҳбарони таваллудхонаҳо ва дигар мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина ҷиҳати хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони мамлакат як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шуданд. Махсусан, дар ин давра дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои зиёди тандурустӣ сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Махсусан, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ҳамчун сармуассисаи тандурустӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва расонидани кӯмаки тиббӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муассисаи  мазкур дар мамлакат муассисаи пешбар оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак ба шумор меравад. Вазифа ва самтҳои пажӯҳишгоҳи мазкур омода намудан ва гузаронидани тадқиқотҳои имлӣ оид ба масъалаҳои мубрами акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогӣ, омӯзиши омилҳои беморшавии модарон ва кӯдакон, омода сохтани заминаи асосии нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани солимии модарон ва тифлон, тайёр кардани барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ оид ба пешгирии беморшавии модарон ва кӯдакон бо дарназардошти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, биологӣ ва экологӣ, гузаронидани чорабиниҳои ташкиливу методӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, иштирок дар кумитаҳо ва комиссияҳо,  иштироки олимони пажӯҳишгоҳ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба мутобиқ сохтани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тавсияҳои методӣ, модулҳои омӯзишии аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  тавсияшаванда иборат аст.

Аз ҷумла, дар  як муддат таъсис додани бахши нави илмии гинекологияи эндокринологӣ ва репродуктивӣ,  бастани шартномаҳои илмӣ бо муассисаи илмӣ-тадқиқотии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва  дигар кишварҳо самари хуб оварда, дар рушд ва пешрафти корҳои илмӣ-назариявии пажӯҳишгоҳ саҳми арзишманд гузоштанд.

Инчунин, дар пойгаҳи пажӯҳишгоҳ курсҳои такмили ихтисос оид ба мавзӯъҳои соҳаи акушерӣ, гинекологӣ ва неонатологӣ таъсис дода шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дар пажӯҳишгоҳ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар чорабинии мазкур  як қатор иштирочиён низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни соҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 599
  • 1,242
  • 949,619