ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО… Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5000 ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО… Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 5000 ниёзманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд
Декабр 29
11:45 2020

Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 5000 (панҷ ҳазор) нафар ятимони куллу маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд  туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. 

Тавре аз сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» Абдулмаҷид Ҳакимзода  иброз  дошт, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҳар ҷашну  идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус  ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.

 

«Ғамхорӣ дар ҳаққи  ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо  дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як  иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳраманд мегарданд. Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд»,-афзуд манбаъ.

Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб меёбанд ва хушбахтона имрӯз ҳамчун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳои миллӣ аз тарафи шахсони саховатпеша анҷом дода мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 959
  • 1,242
  • 949,979