Имрӯз, 11 феврали соли равон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода машварати кории вазорат доир гардид, ки дар он роҳбарони як қатор муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, баргузории шанбегиҳо, шинонидани гулу дарахтон дар назди муассисаҳои тандурустӣ, назорати рафти иҷрои қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, назорати муоинаи никоҳшавандагон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар охир ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва назорати иҷрои қарорҳои ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.