Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар нуҳ моҳи соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд
Октябр 13
16:32 2022

Имрӯз, 13 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар 9 моҳи соли 2022 ва нақшаҳо барои то охири соли ҷорӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ  ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар 9 моҳи соли равон  баромад намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давоми 9 моҳи соли 2022 дар соҳаи тандурустӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои зиёд баҳри беҳтар намудани нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ ва хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба анҷом расонида шуданд.

“Боиси ифтихори кормандони соҳаи тандурустии кишвар аст, ки 1 сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи дониш  бо иштироки Президенти мамлакат бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино  ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон дар ин рӯз зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва тандурустии мамлакат Роҳбари давлат оид ба рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ дар самти истифодаи технологияи муосири тиббӣ, беҳтарсозии заминаи моддию техникӣ, рушди дорусозӣ ва тарбияи кадрҳои тиббӣ, махсусан омода кардани иммунологҳо, генетикҳо, вирусологҳо, микробиологҳо ва ихтисосҳои барои саноати дорусозӣ зарурӣ дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд”,-иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади рушди заминаи ҳуқуқии соҳа қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” қабул гардида, бо қарорҳои дахлдори ҳукумат Тартиби мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кӯмаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар (26 феврали соли 2022, №58), Тартиби ташкили расонидани кӯмаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда (26 феврали соли 2022, №62), Тартиби расонидани кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд ва Тартиби хунгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии хун ва бофтаҳои шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд (26 феврали соли 2022, №61), Тартиби мушоҳидаи давлатии оморӣ аз ҷониби ташкилотҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил (26 февралии соли 2022, №59), Тартиби бо дорувории ройгон таъмин намудани шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил (26 феврали соли 2022, №60), Тартиби таъмини кумаки тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои руҳӣ (26 февраи соли 2022, №64), Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (26 апрели соли 2022, №177), Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027, (27 апрели соли 2022, №205) қабул гардиданд.

Ҳамзамон, дар ин муддат дар кишвар 104 муассисаҳои тандурустӣ сохта (85 муассисаҳои КАТС, 14 муассисаҳои госпиталӣ ва 5 муассисаҳои хусусӣ) шуда, дар 85 муассисаҳои тандурустӣ (66 муассисаҳои КАТС, 17 муассисаҳои госпиталӣ ва 2 муассисаҳои хусусӣ) корҳои сохтмонӣ идома доранд. Инчунин 243 муассиса (197 муассисаҳои КАТС ва 46 муассисаҳои госпиталӣ) аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 149 муассисаҳои тандурустӣ корҳои таъмирӣ (92 муассисаҳои КАТС, 51 муассисаҳои госпиталӣ ва 6 муассисаҳои хусусӣ) идома доранд.

Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар 9 моҳи соли 2022 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ, 896 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1777 амалиёти ангиография ва 969 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин, ба 549 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 167 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд. Дар умум дар муассисаҳои тиббии соҳа дар давоми нуҳ моҳи соли 2022-118 539 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Дар ин давра аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо бори аввал амалиётҳои стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхруда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйиротҳои метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ) ва  ғайра гузаронида шуданд.

Инчунин, дар давраи сипаригашта дар соҳаи урология, дар вилояти Суғд амалиёти нефролитолапаксияи перкутантӣ, ҳангоми сангҳои гурда, уретропластикаи аугментатсионӣ бо истифодаи пардаи луобии лунҷ, ҷарроҳии бартараф намудани уретроселе тавассути лазери Голминӣ, ҷарроҳии слинги трансобтураторӣ бо усули “TVT” ва дар вилояти Хатлон пневолитотрипсияи трансуретралии сангҳои холиб, амалиёти “Турпростата”, дар шаҳри Душанбе ташхиси саратони простата (биопсияи мултифокалӣ), амалиётҳои муосири реконструктивии уретра бо истифодабарии аутотрансплантҳо (пардаи луобии лунҷ, таги забон, лабҳо), амалиёти “Шоира”, ҳангоми каҷшавии закар, амалиёти протатсистэктомия бо сохтани кондуит, амалиётҳои аугментатсионии масона аз қисматҳои руда, ҳангоми дисфунсияи нейрогенӣ, нефролитолапаксия тавассути пӯстӣ, ҳангоми бемории санги пешобдон, пластикаи уретра бе буриши ҷисми спонгиозӣ ҳангоми стриктура, амалиёти узвҳифзкунанда, ҳангоми саратони гурда ва дар маркази хусусии ташхисию табобатии “Мадади акбар” амалиётҳои мураккаби стриктураҳои дарозандозаи уретра ва аугментасионии масона ҳангоми дисфунксияи нейрогении масона ба роҳ монда шуданд.

Дар ташхис ва табобати бемориҳои чашм аввалин маротиба плазмолифтинг ҳангоми бемории реши трофикии қарния, истифодаи ИАГ лазер барои гузаронидани витреолизис, гузоштани зуҷоҷиманфии дохиличашмӣ дар кӯдакон бо бемории анизометропияи наздикбинии дараҷаи баланд, калон кардани гиреҳҳои себаки чашм ҳангоми эвисероэнокулиятсия ба роҳ монда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа дар шаҳри Кӯлоб ба 25 нафар бемор ҷарроҳии “Факоэмулсификатсияи чашмпарда”ва дар шаҳри Хоруғ ба 3 нафар ҷарроҳии “Экстрэксияи эксирокапсулярии чашмпарда бо гузоштани зуҷоҷи дохиличашмӣ”гузаронида шуданд.

Дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина аз тарафи мутахассисони ватанӣ бори аввал ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафаси синагии сутунмуҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионҷ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика, дар болои стенди Т-шакл, амалиёти Люис ба беморони гирифтори ногузароиш ва тангшавии сурхрӯда, баъди сӯхтани химиёвии он, амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ, реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ гузаронида шуданд.

Дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо дар 9 моҳи соли 2022 ба 74718 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон  гузаронида  шуд, ки аз онҳо 28,8%-ро навзодон ташкил медиҳад.

Дар 9 моҳи соли 2022 кор дар самти ташкил ва пешниҳод намудани хизматҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта бо маром идома  дода шуд.

Дар муассисаҳои будубоши доимии сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон 1202 нафар бошандагон, аз ҷумла 629 нафар мард, 472 нафар зан ва аз инҳо 101 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд. Маъюбони гуруҳи якум – 280 нафар, маъюбони гуруҳи дуюм – 546 нафар, маъюбони гуруҳи сеюм – 9 нафар мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ  134 нафар ба муассисаҳои будубоши доимии соҳа қабул карда шуданд.

Вобаста ба ташкили табобати санаторию курортии маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои мавсими истироҳатии соли ҷорӣ аз буҷети давлат 4,8 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, фаъолияти чор осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои соҳа моҳи апрел оғоз карда шуда, то 1 октябр идома ёфт. Давоми мавсими навбатӣ дар маҷмӯъ 2722 адад роҳхат ба шаҳрвандон дода шудааст (аз ҷумла 1742 нафар шахсони имтиёздор, аз ҷумла 1172 нафар маъюб), ки нисбат ба соли гузашта 716 адад зиёд мебошад.

Ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар миқёси ҷумҳурӣ 44 адад шуъбаҳо (марказҳо) дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки 824 кормандон давоми 9 моҳи соли ҳисоботӣ ба 5359 нафар (ин шумора дар 9 моҳи соли 2021, 5283 нафар) ниёзмандон ва оилаҳои эҳтиёҷманд ва ба 974 (ин шумора дар шашмоҳаи соли 2021 -919 нафар) нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ расониданд.

Ҳамин тариқ, давоми 9 моҳи соли 2022 аз тарафи ҳамаи муассисаҳои  низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ба 24756 нафар пиронсолону маъюбон, аз он ҷумла ба 7085 нафар кӯдакони имкониятшон маҳдуд хизмати  иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шудааст.

Дар идомаи суханронии хеш  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои дигари соҳа, муваффақият ва дастдовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта низ баромад намуд.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон, Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ вобаста ба фаъолияти хеш маълумот доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,  аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, омодагӣ ба давраи зимистон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар охир қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 727
  • 1,242
  • 949,747