Ба хабарҳои беасос бовар накунед. Дар кишвар ягон навъи вируси COVID-19 гардиш намекунад

Декабр 17
16:40 2023

Имрӯзҳо тариқи паёмрасонакҳо, аз ҷумла вотсап, вайбер ва телеграм ба шаҳрвандони мамлакат маълумоте ирсол гардида истодааст, ки гӯё дар кишвар навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар гардиш аст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки маълумоти мазкур асоси воқеӣ надорад ва ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок.

Дар ҳамин замина, қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, аз онҳо ташхиси бемории COVID-19 гирифта мешавад. Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест.

Бинобар ин, аз ҳамватанони азиз эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд.

Тавре медонем, ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд, ки ин як ҳолати маъмулист.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб, зуком бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас ба шумор меравад.

Ба ин беморӣ ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)- и заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Нишонаҳои беморӣ:

Шахси бемор табларза шуда, ҳарорати баданаш баланд мегардад, дар мушаку буғумҳо дардро ҳис менамояд, аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашад, оби биниаш зиёд меравад, димоғаш маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шиква карда, аз иштиҳо мемонад. Баъзе кӯдакон зимни гирифторӣ ба зуком қай мекунанд, сусту беҳол мешаванд.

Бояд гуфт, ки бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар натиҷаи шамолкашӣ сар мезананд. Зуком бо роҳи ҳавоӣ- қатраӣ дар натиҷаи муошират бо бемор сироят мекунад. Нахустин нишонаҳои зуком баъди 3-4 рӯзи сироятёбӣ маълум мешавад.

Беморони зуком вақти сулфидан дар гулӯ ва қафаси сина дард ҳис мекунанд.

Чӣ бояд кард, то ҳарчи зудтар аз зуком шифо ёфт?

Пеш аз ҳама, сачоқу зарфҳои чою ғизохӯрӣ ва бистари беморро алоҳида бояд кард, то ба дигарон сироят накунад. Худсарона истеъмол кардани ҳар гуна доруҳо, махсусан, антибиотикҳо, дуруст нест. Зеро зуком бемории вирусӣ аст ва истеъмоли антибиотикҳо нафъ намерасонад. Духтур ҳолати беморро дида, дору тавсия медиҳад.

Бемор бояд дар як шабонарӯз 8 соат хобад, истироҳат кунад. Дар давоми рӯз нӯшидани чойи сабзи гарм, чойи бобуна, настаран (хулул, хуч), мармарак, пудина, нозбӯ бо иловаи асал муфид аст. Барои мустаҳкам намудани масуният (иммунитет) чойи занҷабил (имбир) бо як қошуқча асал фоида дорад.

Хонаи дар он бемор хобидаро бо латтаи намнок тоза бояд кард. Агар дар дастархони бемор меваю сабзавоти тару тоза (сир, пиёз) маҳсулоти ширӣ, киви, лимӯ, афлесун ва асал бошад, бемор зудтар шифо меёбад. Шӯрбои гӯшти мурғ, моҳӣ, мастобаи серкабудию райҳондор низ фоида дошта, шифоёбии беморро метезонанд. Ҳангоми зуком истеъмоли қаҳва тавсия дода намешавад.

Чораҳои пешгирӣ аз зуком: Дар вақти ба ҷойҳои серодам рафтан аз ниқобҳои тиббӣ, ки ҳоло дар дорухонаҳо фаровонанд, истифода бояд кард. Баъди истифода аз нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашӣ (автобус, троллейбус, микроавтобус) дастҳоро дар хонаю ҷойи кор бо собун ва биниро бо намакоби ширгарм шустан лозим аст. Бо мақсади пешгирии сироятёбӣ, пеш аз хона баромадан ба сӯрохиҳои бинӣ марҳами оксолин бояд молид. Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва фаршро бо латтаи нам­нок пок кардан муфид мебошад. Ҳарорати хонаро бояд муътадил нигоҳ дошт. Шустани дастон пеш аз хӯроку баъди хӯрок бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, зукомро низ пешгирӣ мекунад.

Ҳангоми атсазанию сулфа пеши даҳонро бо рӯймолча гирифтан эҳтимоли зиёдтар паҳншавии барангезандаҳои бемориро пешгирӣ менамояд.

Истифодаи машруботи спиртию тамоку масуниятро заиф карда, хавфи гирифторшавии ҳар гуна бемориро меафзояд.

Ҳамчунин, обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Барои мисол, сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳати 8-соата ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,137
  • 1,294
  • 882,740