БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ, КИ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР МЕНАМОЯНД!

БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ, КИ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ САФАР МЕНАМОЯНД!
Август 24
16:06 2021

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, мерасонем, ки дар асоси қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 20 июли соли 2021, №1998 шуруъ аз 1 сентябри соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Россия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст. Бояд гуфт, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои ворид шудан ба Федератсияи Россия маълумотнома оид ба тоза будан аз сирояти коронавирусро дар муҳлати 72  соат аз озмоишгоҳҳо дастрас менамуданд.

Аммо, бинобар қоидаҳои нави ворид шудан ба Федератсияи Россия, минбаъд чунин маълумотномаҳо оид ба тоза будан аз бемории коронавирус тариқи рамзи QR-code дар телефонҳои мобилӣ (смартфон) ҷойгир кунонидашуда, мавриди истифода қарор мегирад, ки  тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат чунин аст:

Дар асоси лоиҳаи «Саёҳат бидуни COVID-19» барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар интернет-мағозаҳое, ки дар телефон барномагузорӣ шудааст, барномаи наве бо номи «Путешествую без COVID-19» кушода  шудааст.

Нахуст Шумо бояд ин барномаро дар телефони дастии худ насб намуда, маълумоти лозимаро дар ворид кунед.

Пас аз ворид намудани маълумот барнома ба Шумо маконҳоеро, ки дар он ҷо гирифтани ташхис дар намуди QR-code имконпазир аст, пешниҳод менамояд.

Ҳамин тавр, ба воситаи барномаи мазкур макони барои худ мувофиқро интихоб намуда, бо шиносномаи хориҷӣ ба онҷо муроҷиат кунед.

Пас аз гузаштани ташхис, тамоми маълумоти лозимиро дар шакли рамзи  QR-code ба барномаи дар телефон насбшудаатон ворид мекунед.

Њангоми сафар ба  Федератсияи Россия, рамзи QR-code-ро аз тариқи телефон ба нафарони масъул нишон медиҳед.

Шаҳрвандони мамлакат, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд, пас аз насби барномаи «Путешествую без COVID-19» дар телефони мобилии худ метавонанд рамзи QR-code-ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ (воқеъ дар Қараболо) дастрас намоянд.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 407
  • 956
  • 913,107