Барои пешгирии бемориҳои сурхча-гулафшон ва баногӯшак вояҳои ваксина ворид гардиданд

Барои пешгирии бемориҳои сурхча-гулафшон ва баногӯшак вояҳои ваксина ворид гардиданд
Март 28
14:42 2022

Чанде қабл дар доираи амалисозии “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бар зидди вируси COVID-19” дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ  гардида истодааст, ба миқдори 541 ҳазор вояи ваксинаи сурхча -баногӯшак – гулафшон (СБГ ё MMR) ворид карда шуд. Ваксинаҳо ба ҷумҳурӣ бо кӯмаки техникии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ворид карда шуданд.

Ҳадаф аз харидории ваксинаҳои мазкур-ин ноил шудан ба нигоҳдории устувори сатҳи баланди фарогирии иммунизатсияи нақшавӣ дар сатҳи на кам аз 95% бо вояҳои тасдиқшуда, аз ҷумла ду вояи ваксинаи сурхча -баногӯшак – гулафшон дар муҳлатҳои муайяншуда мувофиқи тақвими миллии иммунизатсия аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқшуда иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки сурхакон (сурхча) – боиси ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст.  Барангезандаи ин бемориҳо вирусе мебошад, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ дорад, яъне 90-95 фоизи кӯдакони ба бемор алоқаманд сироят меёбанд.  Хусусиятҳои пайдоиши ин беморӣ  баландшавии ҳарорати бадан, газаки роҳҳои нафас, газаки милкҳои чашм ва ғайра мебошанд. Бемории сурхча хеле хатарнок буда, ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ дохил шудааст ва дар ҷаҳон сабабгори фавти зиёди кӯдакон аст.

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои пешгирии чунин бемориҳо дар саросари кишвар маъракаи Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории сурхакон ва гулафшонро мегузаронад. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии гардиш ва интиқоли вируси сурхча ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон ва пешгирии аломати  гулафшони модарзодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муҳим мебошад ва ваксинаҳои воридшуда барои пешгирии ин бемориҳо нақши калидӣ мебозанд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинони кишвар мерасонад, ки эмгузаронӣ  бар зидди бемориҳои мазкур комилан ройгон аст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 630
  • 1,242
  • 949,650