Бахшида ба иди саиди Фитр ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ кӯмаки моддӣ ва маишӣ расонида шуд

Бахшида ба иди саиди Фитр ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ кӯмаки моддӣ  ва маишӣ расонида шуд
Апрел 29
16:17 2022

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар  иду ҷашнҳо имрӯзҳо дар арафаи иди саиди Фитр расонидани кӯмакҳои  моддиву маишӣ ба муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ идома дорад.

Аз ҷумла имрӯз туҳфаҳои моддӣ ва маишии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз орду шакар, макаром, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар маводи ғизоӣ иборат буданд, муовини вазир Шодихон Ҷамшед ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” тақдим намуд.

Аснои тақдими маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти маишӣ  номбурда иброз дошт, ки бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.​

Ҳамзамон, имрӯз аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи касалиҳои рӯҳии “Кӯктош” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ  низ маводи ғизоӣ супорида шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаанд, ки «дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро кардан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад».

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 435
  • 1,242
  • 817,716