30-юми марти соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода вобаста таҳлилу баррасии фаъолияти муассисаҳои тиббии хусусӣ ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусии мамлакат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур диққати роҳбарони муассисаҳои хусусии тиббӣ ба пешниҳод кардани оморҳои дурусти дақиқ, марҳила ба марҳила гузаштан ба системаи рақамӣ ҷалб карда шуд.
Қобили зикр аст, ки давоми солҳои охир дар баробари тибби давлатӣ, ҳамзамон тибби хусусӣ низ дар кишвар дар доираи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ рушд намуда истодааст.
Айни замон муассисаҳои тиббии хусусӣ дар таъмини аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ бо истифода аз технологияҳои муосир фаъолияти пурсамар дошта, саҳми онҳо дар таъмини солимии аҳолии мамлакат назаррас мебошад.
Агар то соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 508 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият мекард, айни ҳол ин шумора беш аз 801 ададро ташкил медиҳад.