Баррасии масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон бо иштироки мутахассион аз кишваҳои ИДМ

Баррасии масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон  бо иштироки мутахассион аз кишваҳои ИДМ
Август 28
15:19 2020

Имрӯз, 28 августи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” оид ба масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон видеоконфронси илмию амалӣ доир гардид, ки дар он директори муассисаи мазкур Зафар Ҳусейнзода, директорони марказҳо ва донишкадаҳои илмии кишварҳои ИДМ ва Евразия иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки масъалаҳои тавонбахшии беморони гирифтори саратон яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби соҳаи саратоншиносӣ ба ҳисоб мераванд.

Видеоконфонс аз рӯйи 9 бахш  идома ёфта, дар он  50 маърузаи илмӣ муҳокима шуда, 2 маъруза  аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”  шунида шуд.

Мутахассисони маркази мазкур Мирзоева Д.С дар мавзӯъи “Барқароркунии яквақта ва мавқуфгузоштаи ғадуди ширӣ бо мақсади барқароркунӣ ва беҳсозии сифати ҳаёти занҳо бо саратони ғадуди ширӣ”, Умарзода С.Ғ. оид ба “Солимии репродуктивӣ ва сифати ҳаёти занҳо бо бемории Лимфома Ҳоҷкинӣ” баромад намуданд.

Қобили зикр аст, ки қаблан ба ин масъала  на он қадар аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд. Беморон баъд аз табобати пурра оид ба бемории саратон беаҳмиятӣ  зоҳир намуда, аворизҳои ҷарроҳӣ, кимиёдармонӣ, табобати нурӣ онҳоро азият медоданд.

Дар видеоконфронси мазкур ҳамзамон мутахассисони соҳа  як қатор масъалаҳои вобаста ба тавонбахшии беморони гирифтори саратонро баъд аз табобат муҳокима намуда, нақшаҳои ояндаро нисбати тавонбахшии ҷисмонию равонии  онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 628
  • 1,242
  • 949,648