Имрӯз, 2 феврали соли равон бо мақсади шиносоӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ташриф овард.
Зимни боздид номбурда аз рафти хизматрасонии тиббӣ дар ин марказ дидан намуда, инчунин бо наздикону пайвандони як қатор беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дод ва аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
Аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти маркази болозикр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.